Дар ноҳияи Айнӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд

Август 15, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, шарҳу тавзеҳ додани  тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Вазири адлия ба иштирокчиён оид ба масъалаҳои амалисозии самараноки сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, пурра таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ бо назардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ба мушоҳида мерасад, масъалаи сарфакорона ва оқилона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст.

Пешгирии ғайриқонунии истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон аз шаҳрвандон ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстию ватанпарастӣ  талаб менамояд. Таъсиси ситодҳои махсус, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон метавонад дар коҳиш додани амалҳои ғайриқонунӣ ва солимгардонии вазъи энергетикии мамлакат нақши  муҳим дошта бошад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд