Дар Панҷакент масоили муқовимат бо коррупсия ва сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар Шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили муқовимат бо коррупсия, амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, таълиму тарбияи кӯдак, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, муқовимат бар зидди он рисолати ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дониста мешавад.
Дар маҷмуъ ҳамоиш дар фазои озоду мубоҳисавӣ гузашт. Умед аст, ки натиҷаҳои он ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони соҳаи барқ таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






