Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд

Август 23, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар ду пиряхи репрезентативӣ- пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти комплексӣ гузарониданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, таҳқиқот 30 июл оғоз гардида, то 15 август идома ёфтанд.

Зимни гузаронидани таҳқиқот бо истифодаи таҷҳизоти замонавию пуриқтидор дар пиряхи рақами 139, ки дар ҳавзаи кӯли Ховаркӯли (Қарокӯли) Помири Шарқӣ ҷойгир аст, ҳолати имрӯзаи пирях муайян гардида, маълумоти нодири илмӣ ҷамъоварӣ карда шуд.

Маълумоти бадастомада нишон доданд, ки пирях дар ҳолати таназзулёбии бошиддат қарор дорад. Тахтачаҳои аблятсионии дар пирях насбшуда, ки барои муайян намудани обшавии сатҳи пирях гузошта мешаванд, нишон доданд, ки ҳатто дар баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр сатҳи пирях 2 метр паст шудааст. Ин хел обшавии босуръати пирях дар чунин баландиҳо бори аввал ба қайд гирифта шуд, ки ин боиси нигаронии мутахассисони марказ ва тамоми ҳайати гурӯҳи кории экспедитсионӣ гардид.

Чунин ҳолати нигаронкунанда дар пиряхи рақами 457 низ, ки дар болооби дарёи Ғунди Помири Марказӣ ҷойгир мебошад, мушоҳида гардид. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар минтақаи ғизогирии пирях моҳи августи соли 2025 умуман захираи барфу фирн дида намешавад. Барфи мавсимие, ки дар минтақаи ғизогирӣ сабаби муътадил нигоҳ доштани мувозинати массаи пирях мебошад, пурра об шудааст.

Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар омӯзиши яхбандии абадӣ дар Помири Шарқӣ ва Марказӣ низ бо истифодаи техника ва технологияи замонавӣ корҳои таҳқиқотӣ гузарониданд.

Таҳқиқоти комплексӣ вобаста ба ҳолати яхбандии абадӣ гузаронида шуда, динамикаи ҳарорати қишри замин муайян гардид. Зимни экспедитсия таҳқиқот бо истифодаи технологияи зондиронӣ ва усулҳои геофизикии электрикӣ ва сейсмикӣ барои муайян намудани яхбандии абадӣ ба роҳ монда шуд. Ин таҳқиқот дар ҳавзаи кӯли Ховаркӯл ва ағбаи Харгуш гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани экспедитсияи комлексии байналмилалӣ ҳайати гурӯҳи экспедитсионӣ маълумоти нодири илмӣ ба даст овард. Ин маълумот барои пеш бурдани илми глятсиология* ва дар ин замина омода намудани мутахассисони соҳа бениҳоят зарур буда, шароит фароҳам меорад.

Маълумоти бадастовардаи мутахассисони марказ ҳаматарафа мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, натиҷаи онҳо дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои миллию байналмилалӣ нашр мегардад.

 

* Глятсиология аз калимаи лотинии glacies — ях ва юнонии  λόγος — илм гирифта шуда, илм дар бораи яхҳои табиӣ ва тамоми намудҳои гуногуни он дар сатҳи Замин мебошад

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 23, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст