Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба низоми бонкии Тоҷикистон 3 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд

Август 3, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба низоми бонкии Тоҷикистон 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 79,0 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Фирдавс Толибзода ҳамзамон иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзиму назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилоти қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад