Дар Суғд оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи машваратӣ доир шуд

Август 9, 2025 08:33

ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд доир ба баргузории даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни ҷаласа мушкилоте, ки дар раванди баргузории озмун ҷой доранд, баррасӣ гардиданд. Масъулин даъват шуданд, ки озмунро  шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Август 9, 2025 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад