Дар Теҳрон густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид

Август 26, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории дуҷониба дар самти ҷавонон ва варзиш ва мубодилаи таҷриба дар бахши рушду тарбияи насли ҷавон дар мулоқоти  Раиси        Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода  бо Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон  Аҳмади Дунёмолӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар»   бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо доир ба тақвияти робитаҳои дӯстона байни  созмонҳои варзишӣ ва ҷавонони ҳарду мамлакат, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак барои солҳои 2025–2026 табодули назар намуданд.

Вазири варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҳамкории Тоҷикистону Эронро дорои заминаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин робитаҳо метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва рушди варзиши касбию оммавӣ нақши муассир дошта бошанд.

Ҳайати Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла баргузории мусобиқаҳои гуногуни дӯстонаи варзишӣ, табодули ҳайатҳои ҷавонон ва таҷрибаомӯзии мутахассисон изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад