Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст

Август 6, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба Тоҷикистон ба миқдори 563 ҳазору 600 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 38 ҳазору 500 тонна зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 443 миллион доллар бо нархи миёнаи 787 доллар барои як тонна харид карда шудааст.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба ҷумҳурӣ 264 ҳазору 800 тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 200 миллиону 400 ҳазор доллар, 241 ҳазору 400 тонна бензин ба маблағи 180 миллион доллар ва 176 ҳазору 900 тонна гази моеъ ба маблағи 121 миллиону 200 ҳазор доллар ворид карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 6, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад