Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид

Август 26, 2025 10:36

ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид, ки то 6 сентябр идома меёбад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кӯшониён, Восеъ, Вахш, Фархори вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакент ва Исфараи вилояти Суғд байни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола (яъне 4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза, кӯдаконе, ки аз 6 сентябри соли 2020 то 6 марти соли 2025 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад.

Барои пешгирии ин бемориҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзҳои миллии иммунизатсиякунонӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон доир менамояд. Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба он хотир гузаронида мешавад, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна бемориҳо пешгирӣ карда шаванд.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ташкил гардидааст.

Бемории сурхча бемории шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавию ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст. Барангезандаи бемории сурхча вирус мебошад, ки ба воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазире мегузарад, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия карда нашудаанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2025 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд