Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад

Август 4, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли сеюм аст, ки дар ду қитъаи озмоишии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак дар шароити дорои иқлими гуногун дар 1,3 гектар 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, қитъаи озмоишии дарахти павловния дар соҳили дарёи Зарафшон ба шароити иқлими ин ҷо мутобиқ карда шуда, дар муддати се сол нисбат ба дарахти маъмулии сафедор бештар қад кашидааст. Дар қитъаи озмоишии Киштӯдак, ки нисбатан камоб аст, павловния соли дуюм аст хуб нашъунамо дорад.

Бо истифода аз таҷрибаи парвариши павловния дар ин қитъаҳои озмоишӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои дар оянда зиёд намудани майдони парвариши он тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ба тасвиб расида, ҳар сол шинонидани сад ҳазор бех аз ин дарахт пешбинӣ шудааст.

Павловния яке аз зудрастарин дарахтон буда, дар ҳашт сол бо риояи агротехникаи парвариш то ба сӣ метр қад мекашад. Чӯби он бо чандирӣ, мустаҳкамӣ ва тобоварӣ дар ҷаҳон беҳтарин дониста шуда, барои рӯпӯш намудани саҳни киштиҳо, сохтани мебел ва дигар корҳои бинокорӣ фаровон истифода мешавад.

Васеъ кардани майдони парвариши павловния воридоти чӯбу тахтаро аз хориҷи ҷумҳурӣ ба маротиб коҳиш медиҳад. Павловнияро бо сабаби зудрасӣ, доштани сифати беҳамтои чӯб ва харидорони зиёд дар бозори ҷаҳонӣ «чоҳи нафт» унвон кардаанд. Аз шаҳди гули он ҳамчунин занбӯри асал беҳтарин асал ҳосил менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 4, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!