ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд

ДУШАНБЕ, 17.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 август Рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ид карда мешавад. Соли равон ба таъсиси ин кумита, ки дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад, 31 сол пур шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваколатҳои соҳавӣ ва нақшаҳои корӣ фаъолият менамояд.
Тавре сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш сиёсати давлатӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданиро татбиқ менамояд.
«Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти кумита аз давраи ташкилёбӣ то имрӯз чандин маротиба такмили сохтор гузаронида шуд. Ҳадафи он зиёд намудани воҳидҳои бастии ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсиси дастаҳои наҷоти иловагӣ аз ҳисоби кам кардани воҳидҳои бастии дастгоҳи марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ буд. Давоми ин солҳо дар он вобаста ба мавқеи ҷуғрофию ҳудудии мамлакат сохторҳои гуногун таъсис дода шуданд»,-гуфт Ориф Нозимиён.
Самти дигари фаъолияти кумита- ин фаъолияти босамари қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Ба низом даровардани омодагии қисмҳои ҳарбӣ аз тайёрӣ ва малакаи касбӣ дар замони осоишта вобастагии калон дошта, то имрӯз аз тарафи масъулини кумита ва қисмҳои ҳарбӣ талаботи бандҳои нишондодҳои ташкилию методии ҷузъу томҳои қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Бо назардошти афзоиши ҳолатҳои фавқулода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуда, барои идора кардани хавфи офатҳои табиӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода сохтори муносиб оид ба ҳалли ин масъалаҳо таъсис дод.
Ба иттилои Ориф Нозимиён, бо мақсади ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст. Он мақоми доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ҳамоҳангсози Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ сабт шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 310 адад кам мебошад. Бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби кумита «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳору тобистони соли 2025» таҳия шуда, ба воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии кумита ирсол гардид.
«Дар ин замина бо иштироки масъулини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулода мавҷуд аст, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст. Танҳо соли 2025 154 машқи ғайринақшавӣ бо гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ дар мавзеъҳои хавфнок бо ҷалби 30 164 нафар ва зиёда аз 889 техника гузаронида шуд»,-изҳор дошт Ориф Нозимиён.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз