Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар самти таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак (бо забонҳои русӣ, чинӣ ва англисӣ), истеҳсоли маводи аз лиҳози экологӣ тоза дар доираи Парки инноватсионию технологии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди сайёҳии тиббӣ дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарияти ширкати чинӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ бобати рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Муассиси ширкати «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.)» Кумитаи давлатии назорат ва идоракунии дороии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (SASAC) буда, фаъолияти он соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз қабили таҳсилот, молия, илм, технология, захираҳои маъданӣ ва тиҷорати байналмилалиро фаро мегирад.
Ширкати «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.)» дар 30 кишвари ҷаҳон лоиҳаҳои бузурги байналмилалиро муваффақона амалӣ менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






