Довталабони Бадахшон ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 74 довталаб ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 401 довталаб иштирок намуда, 74 нафараш ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз онҳо 13 нафар сазовори ҷойи якум, 24 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 37 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Тибқи тартиби Низомномаи озмун, даври чорум барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 20 сентябр пешниҳод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидааст, то 5 сол дар озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадааш ҳуқуқи иштирок кардан надорад.
АКС: Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






