ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН. Соҳибистиқлолӣ масъулияти бузург дар назди миллат ва таърих аст

Август 23, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми мамлакат 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад.

Соли 1992, вақте Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дар ҳолати азбайнравӣ ва ба порчаҳо тақсимшавии ҳудудӣ зери нуфузи геосиёсӣ ва геоиқтисодии давлатҳои абарқудрат қарор дошт, шахсе ба саҳнаи сиёсат омад, ки бо эҳсоси гарму азму ғурури миллӣ ва руҳияи ватандӯстӣ «ашки миллати осебдида»-ро ба «пойгоҳи эҳтиром» табдил дод. Таърихи ҳар миллат саропо саҳифаҳои дард, мубориза ва ниҳоят эҳтиром аст. Барои мардуми Тоҷикистон роҳи истиқлол ва давлатсозӣ бо сахтиҳо, ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаҳои сиёсию иқтисодӣ ҳамроҳ буд. Аммо дар маркази ин таҳаввулот шахсияте қарор дошт, ки дар шароити ниҳоят мураккаб масъулияти роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт ва ин нафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон солҳои фоҷиабор буданд. Дар ҳамин шароит соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии маъруфашон гуфтанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми ҳастии худро барои барқарор намудани сулҳ ва ягонагии миллат мебахшам». Ин суханон на танҳо шиор, балки рисолати сиёсие буд, ки то ба имрӯз идома дорад.

Марҳилаи дигаре, ки заминаи ҳуқуқии давлатдории муосирро ташкил намуда, дар устувории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст, қабули Конститутсияи соли 1994 мебошад. Аз таҳлили лаҳзаҳои гуногуни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия мушоҳида мешавад, ки дар мавридҳои муҳим талошҳо ва пешниҳодҳои раиси комиссия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун идеяи меҳварии  ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тарҳрезӣ шудааст. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «заминаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав кардан, онро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил додан ва барои таъсиси давлати нав, давлати демократӣ, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, замина гузоштан зарур аст» (Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ҷойи дигар оид ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иштироки бевоситаи халқ ба тариқи ошкоро ва озод дар муҳокимаи лоиҳа ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Сарвари давлат баён менамоянд, ки «имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин … бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ намуда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумии он қабул шавад» (Иҷлосияи таърихии XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993). Ин пешниҳоди Сарвари давлат низ аз ҷониби аҳолии ҷумҳурӣ бисёр хуб пазироӣ мегардад ва лоиҳаи Конститутсия дар матбуоти даврӣ интишори расмӣ гардида, зиёда аз 8,5 ҳазор таклифу пешниҳодҳо барои такмили додани лоиҳаи Конститутсия ба Комиссия ирсол мегардад.

Яъне, дар асоси гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба мардум намуда, бори нахуст дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии ҷумҳурӣ тартиби муҳокимаи озоду ошкоро ва бо қабули райъпурсии умумихалқӣ (референдум) Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамоянд. Дар сохтори ин санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳолатҳо ва меъёрҳое буданд, ки дарҷ намудани ин ҳолатҳо ва меъёрҳо дар шароити алангаи оташи ҷанги хонумонсӯз ва хотима бахшидани ҷанг аз аъзои комиссия масъулияти баланди худшиносии миллӣ, ҳисси волои ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии ояндабинона тақозо менамуд.

Яке аз ин ҳолатҳо ва падидаи навине, ки баҳсҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд, интихоби шакли идоракунии давлат буд. Бояд гуфт, ки ҳам дар байни аҳолӣ ва ҳам дар байни гурӯҳҳои кории комиссия муҳокимарониҳои зиёд доир шуданд ва дар натиҷа аз ҷониби гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсия омода гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъгирона ва бо тарафдорӣ аз шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ иброз менамоянд, ки «пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар атрофи масъалаҳои шаклҳои идораи давлатӣ, қабули Конститутсия ва интихоби Парлумон баҳсу мунозираҳо ниҳонию ошкоро амалӣ мешаванд ва мехостам назари шахсии худро оид ба ин масъала  баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад, боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ бурҳону андешаҳои раднопазир оварда метавонанд… Шахсан ман ҷонибдори идораи мустақили президентӣ ҳастам. Танҳо як тарафашро таъкид менамоям, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад. Табиист, ки Роҳбари ҷумҳурӣ низ бояд ба тарзи умумихалқӣ интихоб гардад. Ман ҳамеша мегуфтам ва ҳозир ҳам таъкид менамоям, ки ҳеҷ гоҳ аз масъалаи интихоботи умумихалқӣ рӯ нагардондаам ва барои он омода ҳастам» (Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ва ё ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳои Конститутсия дар ҷаласаҳои комиссияи конститутсионӣ низ ёдовар мешаванд, ки «бо назардошти тамоми хусусияти ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, бо мақсади муташаккилона гузаронидани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории собиқи худ аъзои Комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити муайяни Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусияти хоси Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, аксарияти кулли шахсоне, ки дар муҳокима иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ намуданд».

Дар ҳақиқат вақт довар аст ва исбот намуд, ки дар таҳияи ин ҳуҷҷати тақдирсоз иқдоми воқеъбинона пешниҳод ва қабул карда шудааст. Бо қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихобот низоми демократии ҳукуматдорӣ бунёд гардид.

Бо ирода ва меҳвари сиёсати «афв ва муколама» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки гурӯҳҳои мухталифи сиёсиро ба музокирот ҷалб намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «истиқлолият танҳо расман озод будан нест, балки масъулияти бузург дар назди миллат ва таърих аст». Пешвои миллат давоми солҳои роҳбариашон стратегияи рушди устувор, таъмини амният, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳангро дар меҳвари сиёсати худ қарор доданд.

Тағйироти куллӣ дар инфрасохтор, сохтмони роҳҳои маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, рушди деҳот, барномаҳои миллии саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ намунаҳои амалии ин сиёсатанд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи истиқлол дар таърихи давлатдории тоҷикон эътирофу машҳур шудаанд. Имрӯз номи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун симои истиқлол, меъмори сулҳ ва поягузори давлатдории навин сабт шудааст. Эҳтироми Пешвои миллат дар байни мардуми мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ на танҳо натиҷаи хизматҳояшон, балки натиҷаи иродаи сиёсӣ ва устувории шахсӣ мебошад.

Давоми беш аз се даҳсола бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ то ба пояи рушди сиёсӣ ва суботи иҷтимоӣ расид.

Роҳи истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон осон набуд. Вале бо роҳбарии дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешоншудаи мо тавонист, ки аз гирдоби сиёсӣ раҳоӣ ёфта, соҳиби давлатдории устувор ва рушди мустақил гардад.

Ин раванд аз ашк сар шуда, то ба эҳтироми сартосарӣ расид. Аз ашки задухӯрд то эҳтироми сарбаландона барои миллати соҳибистиқлол — роҳе, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ намуд, ҳамоно роҳи барқарорсозии нангу номуси миллат аст.

Исматулло ШОДИЁН,
котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хизмат менамоянд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд биноҳои Маркази саратоншиносӣ ва Маркази эндокринология бунёд карда мешаванд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Ҳисор се мактаби нав ба истифода дода мешавад
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар муассисаҳои таълимии Роштқалъа таъмири синфхонаҳо идома дорад
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Исфара иншооти соҳаи маориф таъмир ва навсозӣ мегарданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ёвон тамоми кӯчаҳо чароғон карда мешаванд
Дар Муъминобод 7 километр роҳи мошингард мумфарш карда шуд