Файзалӣ Идизода дар ноҳияи Лахш бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуд

Август 28, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва Ҷамоати деҳоти Нурафшони ҳамин ноҳия  вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Файзалӣ Идизода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорӣ ва шукуфоии Ватан, боло рафтани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуда, сокинонро  даъват кард, ки  тамоми неруи ақлонӣ ва зеҳниву ҷисмонии худро ба нафъи миллату давлат равона сохта, бо меҳнати ҳалолу созанда мамлакатамонро боз ҳам ободу гулафшон  намоянд.

Файзалӣ Идизода доир ба самтҳои асосии  фаъолияти Маҷлиси намояндагон сухан гуфта, ба саволу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.

Вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон дар минтақаи Рашт бо интихобкунандагон идома доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд