ФУТБОЛ. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 байни «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» дар Хуҷанд доир мегардад

Август 22, 2025 08:23

ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Ин дидор 14 сентябри соли 2025, соати 17:00 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷоиза бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштирокчии рақобати финалӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор гардиданд. Бозии аввал дар шаҳри Бохтар байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид.

Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «Талко-арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки 14 сентябри соли 2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ғолиби феълии Ҷоми миллӣ – дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 22, 2025 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд