ФУТБОЛ. «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ал-Наср»-и Криштиану Роналду дар як гурӯҳ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз қуръакашии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё ва Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Баъди ҷамъбасти қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 чемпиони- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он бозингари шинохтаи сайёра ва дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду бозӣ мекунад, дар як гурӯҳ қарор гирифт.
Хотиррасон мешавем, ки рақибони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дастаҳои футболи «Ал-Завраа»-и Ироқ ва «Гоа»-и Ҳиндустон мебошанд.
Оғози бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ 16 сентябр дар назар аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






