ХАЗОНРЕЗ. Ба ёди Ҳабибулло Назаров

Август 15, 2025 15:52

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 август шоир, нависанда, сенариянавис, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии барҷастаи тоҷик Ҳабибулло Назаров ба дунё омадааст. Ҳаёти ӯ таҷассуми қувваи истеъдод ва садоқат ба армонҳо гардид. Роҳи писари деҳқони камбағал, ки дар айёми кӯдакӣ чӯпон буд, аз хатми Донишкадаи ҳуқуқшиносии Москва то ба вазири адлия, раиси Суди Олии Тоҷикистон, вакили Шурои Олии Тоҷикистон расид ва дар баробари ин мероси ғании адабие боқӣ гузошт, ки имрӯз ҳам мавриди истифода  қарор дорад. Дар ин рӯз АМИТ «Ховар» ба хотираи ин шахсияти шинохта очерки Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоро дар зер пешниҳод менамояд.

— Аз сафар баргашта будам. Дар идора (он вақт дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» кор мекардам) гуф­­танд, ки муаллим Ҳабибулло Назаров занг зада, ма­ро пурсидаанд. Худам ҳам он касро диданӣ будам. Бинобар он рӯз – яке аз рӯзҳои баҳори соли 1969 аз кор барвақттар баромада, роҳи хонаашро пеш гирифтам. Дарро бо чеҳраи кушод худи муаллим боз намуданд.

Даре, ки чун дили муаллим ба рӯи дӯстону назди­кон ҳамеша боз, дари хонае, ки шеъри сӯгвории ба Ҳа­бибулло Назаров гуфтаи шоир Бобо Ҳоҷӣ ба хотир меояд:

Хонааш мисли дилаш бар рӯи ёрон боз буд,
Гӯиё Садри Зиёи даври мо аз байн рафт.

– Биё, камнамо шуда рафтӣ, пурсида будам, – чеҳ­раи муаллим кушодатар мегашт.

Ба хонаи калон гузаштем. Аз ғалладони миз чанд варақ коғазро берун оварданд. Гуфтанд, ки як силсила шеъри нав навиштаанд. Шеърҳояшонро хонданд. Суҳ­бати мо аз хусуси шеър ва нозукиҳои он гармтар мешуд. Дар давоми гуфтугӯҳоямон боз чанд байт шеър хонданд. Пурсиданд, ки оё он мисраъҳоро аз ин пеш шунидаам. «Не», ҷавоб додам.

– Ин намунаи шеъри як ҳаммаҳаллаи ту, – гуфтанд ва пур­сиданд: – Қишлоқи Дуобаро медонӣ?

– Ҳа, оби деҳаи мо аз миёни он мегузарад, – гуф­там.

– Дар аксари шеърҳо номи Дуоба зикр мешавад.

Ана ҳамин шоирро ҷуста, номашро зинда кардан лозим, – таъкид намуданд, – ҳозир ҳамроҳ  меравем.

– Деҳаи мо?

– Ҳа. Ё намехоҳӣ?

– Не, марҳамат, меравем, меравем, – такрор наму­дам.

Ҳангоме, ки офтоб ба паси биноҳои баландошёнаи шаҳр фурӯ мерафт, мо ба роҳ баромадем. Бо автобус ба деҳаи Моинкаҷ расидем. Рӯз торик шуда буд. Ҷониби дарвозаи калон, ки болои он колхози «Роҳатӣ» насб ёфта буд, тоб хӯрдем. Поинтар аз мо мошинҳо ба тарафи Орҷоникидзеобод ё Душанбе ғув-ғув садо дода мерафтанд. Вале дар роҳе, ки мо канори он меистодем, мошине наменамуд. Ба автобус нигарон шуданамон фоида надошт, рӯзи корӣ анҷом ёфта буд. Интизори мошине будем. Муаллим хомӯш, нигоҳашон ба ҷониби кӯпруки сангоб. Аз он мошинҳо мегузаштанд, чароғ­ҳоя­шон фурӯзон. Воқеае ба хотирашон омада будааст ва онро чунин нақл карданд.

Боре (он солҳо раиси Суди Олии ҷумҳурӣ бу­даанд) аз Ҳисор бармегаштаанд. Ҳангоми ба дарёчаи Душанбе наздик омадан аз шофёр хоҳиш карданд, ки суръати онро паст намояд.

– Назарам ба дарё буд, албатта, дар торикӣ печуто­би мавҷҳоро намедидам, вале садои шав-шуви обро мешунидам. Суръати гашти мошин хеле суст буд. Оинаи тирезаро фуровардам. Насими тозаи баҳор мева­зид. Сурудеро оҳиста-оҳиста зам-зама доштам. Аниқ­тараш он суруди дӯстдоштаи Мирзо Ризо «… Наме­до­нам чӣ мехоҳад?» буд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо аз ҷони­би кӯпрук нидои ҷонкоҳе ба гӯшам омад. Ронанда ҳам шунид. «Мошинро нигоҳ дор», фармудам. Ронанда аз пасам нафуромад. Оинаи тирезаро боло карда, дарро ба рӯяш сахттар баст.

Ба зери кӯпрук расидам. Чор-панҷ нафар касеро ми­ён­гир карда буданд. Бо мушт, бо лағат ба сару рӯ, ба ҳар куҷоеаш рост ояд, мезаданд. Яке кордро аз ғилоф баровард…

Аз силоҳе, ки дар ихтиёрам буд, истифода бурданӣ шудам. Вале дарҳол андеша кардам. Фикру хаёлҳои довталабона: инҳоро аз пой афтонда метавонам.

– Даст боло кунед! – овозам баланд гашт.

– Ба роҳат рав. Канӣ, як ду-се… – шумурданд.

– Ҷазо мегиред, суд мешавед, худам шуморо суд ме­кунам, худам, ба ин тараф, зуд пеш дароед! – қатъӣ аз онҳо талаб кардам. Авбошҳо сӯям давиданд. Ман ҳам ба пешвозашон тайёр шудам. Якеашонро, ки аз ҳама аввал ба ман қасди ҳуҷум овардан дошт, бо як зарбаи ногаҳонӣ аз пой афтондам. Муштҳою усулҳои ҳуҷумоварии омӯхтаам ба дуюмӣ, сеюмӣ ҳам беасар намонд. Дуи дигар пеш наомаданд. Шофёр ҳанӯз аз мошин берун намешуд.

Авбошҳо боз чанд нафари дигар будаанд. Онҳо низ баъдтар дастгир шуданд. Худам онҳоро суд кардам. Он шофёри буздилу тарсончакро аз кор ҷавоб додам.

Муаллим Ҳабибулло Назаров воқеаи мудҳиши дар зери кӯпруки дарёи Душанбе ба вуқуъ омадаро ба хотир оварда, таъкид намуданд, ки дар рӯзҳои мо барои инсон аз ҳамлаи ҳамҷинси худи ӯ дида бадтар ва даҳшатовартар хавфе нест. Инсонҳо аз ҳамҷинсони ваҳшитабиати худ дар ҳаросанд, алҳазар аз онҳо!..

Мошине дар роҳ пайдо шуд. Самосвали калоне. Даст бардоштем. Аввал наистод. Лекин чӣ хаёле ба сари ро­нан­да омад, ки андаке дуртар аз ин мошинро нигоҳ дошт.

– То Роҳатӣ… – хоҳиш кардем.

– Шумо чанд нафар?

– Ду кас.

– Якеатон биёед, – гуфт шофёр.

– Кабина холӣ-ку.

– Медонам холӣ, вале ман ҳамин рӯз мотори нав мондам, бори мошин вазнин мешавад.

– Бо ману ҳамин Кароматулло мошинат вазнин мешавад? – қоҳ-қоҳи хандаи муаллим баланд гашт.

– Ҳа.

– Ба ростӣ, бародар, ман одамҳои шӯхро бисёр дӯст медорам. Ту ҳам аз ҳамин тоифа будаӣ. Лекин ту аҷо­иб: шӯхӣ мекунию намехандӣ, қавоқҳоят овезон, тавба. Муаллим бо завқ хандиданд.

– Ака, ман шӯхӣ намекунам. Як моҳи дароз қисм­ҳои моторро ҷобаҷо кардам, бо азоб… Ҳамин рӯз мо­шинро ба роҳ даровардам, эҳтиёт шудан лозим, боз обаш наҷӯшад, мегӯям.

Муаллим ҳис намуданд, ки ронанда шӯхӣ намеку­над.

– Хайр, ин тавр ки бошад, бародар, бо вай санг на­каш, оҳан бор накун, баъд одамҳои вазнин ҳам савор нашаванд. Лекин мо савор мешавем, дер мондаем, шаб шудааст. Шабона вазни одамҳо кам мешавад. Ё ту бо­вар намекунӣ?

Шофёри содалавҳ шӯхии муаллимро ҷиддӣ пин­дош­та, розӣ шуд.

Дар Роҳатӣ пиёда шудем. Аз кӯчаҳои пурпечутоби танг-танг мегузаштем.

Хаёли Ҳабибулло Назаров ба шофёр буд, ки мегуфтанд:

– Аз ӯ гила кардан лозим нест, мехоҳад мошинаш вайрон нашавад.

Рӯ ба ҷониби сангоб мерафтем. Дар ду тарафи роҳ ҳавлиҳо, боғҳо. Шоху навдаҳои дарахтони чормағзу зардолу болои бому деворҳо хамидаанд. Аз сангоб гузаштем, роҳи мо боз ба баландӣ буд, кӯҳтали деҳаи Неконро мебаромадем.

– Офарин ба ту, – қомати баланду пайкари паҳла­во­нонаи муаллим андаке ба пеш хам гашт. Ба хаёлам, монда шуда буданд. Давом намуданд: – Аз ҳамин ҷо шаҳр ба кор рафта меоӣ?

– Ҳа.

– Роҳи дур.

Кӯҳталро боло шудем. Дар рӯ ба рӯ деҳаи мо – Некон.

– Камтар истем, – аз афташ муаллим дам гирифтан ме­хостанд. Рӯ ба роҳи тайнамудаамон овардем. Дар поёни кӯҳтал сангоб, сангобе, ки он аз деҳаи Мағ­му­руд, аз оғӯши кӯҳу дараҳо оғоз ёфта, аз миёни мавзеъҳои аҳолинишини Навобод, Дуобаи Боло ва аз канори ғарбии Дуобаи Поёну Роҳатӣ гузашта, дар баҳорон обаш ба дарёи Кофарниҳон меомезад. Ҳоло оби он кам буд. Ҳамроҳи муаллим рӯ-рӯи сангҳо сангобро гузаш­тем. Шабона садои об баланд, аз сари кӯҳтал низ шав-шуви он ба гӯш меомад. Аз сангоб он сӯ деҳаи Роҳатӣ. Ҳавлиҳо аксар дар миёни боғҳо, дар оғӯши дарахтон буданд. Моҳи пурра ба ҳама ҷо равшанӣ медод. Равша­нии дилкушо ва фараҳфазо, осмон софу беғубор. Бӯи гул, бӯи сабзаю гиёҳҳои навруста меомад. Дар шохи чанорҳои баланди саҳни масҷид парандагон ҳанӯз ғаҷар-ғуҷур мекарданд.

– Кай шинондани онҳоро мардум ёд дошта бо­шанд? – пурсиданд муаллим.

– Не, мӯйсафедон ҳам ба хотир оварда намета­во­нанд, – ҷавоб додам.

– Дунё зебо, дунё афсона, кӯҳна, – гуфтанд муал­лим, нигоҳашон ба моҳу ситорагон буд. Аз нурҳои ширгуни моҳ сангоб ҳам равшан гашта буд.

– Дунё зебо аст, – ғарқи хаёл такрор намуданд му­ал­лим, – вале умри одамон кироӣ не, бисёр кӯтоҳ, но­чиз, ана ин чинорҳои қишлоқи шумо аз чандин насли одамӣ зиёдтар умр доранд. Вале одамон дар ҳамин умри кӯтоҳашон бо якдигар соз намегиранд, якдигарро бад мебинанд, гӯё дар ин дунёи кушод бо ҳам зиста наметавонанд, намеғунҷанд, хаёли марг надоранд…

Мо ба роҳ даромадем.

Муаллим Ҳабибулло Назаров қариб як ҳафта меҳ­мони аҳли деҳаи мо буданд. Дӯстону шиносҳоя­шонро ёфтанд. Ҳар рӯз ба чанд хона таклиф мешуданд. Дар деҳа муаллимро гӯё рӯ-рӯи даст мегардонданд. Куҷое раванд, наздашон серодам. Пиру ҷавон, зиёиёну кол­хозчиён, ҳама орзуманд, ки аз суҳбаташон баҳра ё­банд. Мегуфтанду мусоҳибонро механдонданд. Гоҳҳо тан­бӯр­ро мегирифтанд, ба торҳои он нохун мезаданд. Су­ру­деро паст-паст бо оҳанги форам зам-зама мекарданд. Муаллим кони ҳаҷв, кони ҳазлу шӯхӣ бу­данд. Бобо Ҳоҷӣ дар ин бобат бо ҳасрат Ҳабибулло На­за­ровро ёдовар шудаанд:

Тӯдакаш аз Тӯдақишлоқи Ҳисори шодмон,
Ҳамсафи Мирзою Мирзои Ризо аз байн рафт,
Чун кашем ин бори андӯҳу нагирйем аз алам,
Кони ҳазлу шӯхию лутфу сахо аз байн рафт.

Муаллим ба аҳли маърака гӯш медоданд. Мисраъ ё байте аз забони касе мешуниданд, дарҳол аз ӯ хоҳиш мекарданд: шеърро такроран бихонад… «Моли кӣ?» мепурсиданд. Дар аснои суҳбат бисёр байтҳое пайдо карданд, ки аз рӯи тахминашон ба шоири Дуоба мансуб буданд. Шоири халқ Қаюм Ҷаббор ва ҳофизи хушовози маҳалла Эшонҷон (ҳоло онҳо низ дар қайди ҳаёт нестанд) мусоҳибони наздики муаллим буданд. Қаюм Ҷаббор хотираҳои амакаш – шоири халқӣ Ҳалимдевонаро дар хусуси Каримдевона, ки онҳо бо ҳам дӯстони меҳрубон будаанд, ҳикоят мекард.

Аҳли деҳаи Некон, пирони соҳибфазилати он ба Ҳабибулло Назаров маъқул шуданд… Изҳор намуданд, ки агар розӣ бошанд, ба ин ҷо кӯчида меоянд, ҳам­ма­ҳаллаи онҳо мешаванд. Аҳли қашлоқ боғеро ба ихтиёри он кас вогузор намуда, гуфтанд, ки хурду калон ҳашар карда, хонаю дар месозанд. Боғ ба муаллим писанд афтод. Аз онҷо шабҳангом чароғҳои фурӯзони Душан­бе, ҳамаи деҳаҳои дар поёни роҳи Орҷоникидзеобод – Душанбе воқеъбуда намоён, олам, замину замон ча­роғистон. Муаллим нақшаи ба боғ аз канали Роҳатӣ об оварданро кашиданд, тарҳи хонаро муайян намуданд. Ҷо-ҷо сангҳо мегузоштанд. Муаллим гуфтанд, ки ба­рои аҳли деҳа китобхонаи калоне ҳам бунёд мекунанд. Як олам нақшаҳои нек, орзуҳои ширин…

Ҳанӯз пайҷои хонаю ҳавлии муаллим вайрон нашу­дааст. Ҳанӯз сангҳои бо дастонашон гузоштаи он кас бе­ҷо нагаштаанд. Аҳли деҳаи Некон Ҳабибулло Наза­ровро имрӯз ҳам гӯё интизоранд. Маълум гашт, ки ҳамон рӯзҳо мардуми деҳаи Тӯда аз ин мақсади муал­лим огоҳ шуда, садди роҳашон шудаанд. Нагузоштанд, ки ҳаммаҳаллаи тӯдакашашон аз онҳо ҷудо бошанд.

Шабу рӯзҳои баъди вафоти устод Мирзо Турсун­зода буд. Ман он рӯз дар рӯзнома кадом як мақолаеро бахшида ба хотираи неки устод ба чоп ҳозир мекардам. Садои занги телефони шуъба баланд гашт. Муаллим маро таъҷилан ба хонаашон мехонданд. Овозашон хаста, канда-канда… Ман намедонистам, ки он рӯз охи­рин бор овози муаллимро аз телефон мешунавам, намедонистам, ки дигар ба идораи газета он кас сим намезананд…

Дарро ба мисли ҳарвақта худи муаллим накушо­данд. Ба хонаи калон – ба ҳамон зале даромадам, ки асосан ҳамин ҷо моро пешвоз мегирифтанд. Муаллим болои диван менишастанд. Хароб, афтода. Тарҳи рӯи базебашон заҳир. Болиштеро ба шикамашон пахш намуда буданд. Дарди ҷонгудоз озорашон медод. Муаллим ба Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор ва чанд нафар наздикони дигарашон, ки ин ҷо ҳозир буданд, гӯё васият мекарданд… Як асари навашонро анҷом дода будаанд: «Хонед, агар маъқул шавад, чоп кунед», гуфтанд ба Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсор. «Баъд аз сари ман…» ҳамин суханҳоро бештар ба забонашон меомад.

– Ин тавр нагӯед, тани гарм бедард не, боз шифо меёбед…

– Ҳоламро худам медонам, дар берун мошини ёрии таъҷилӣ интизор, дорую дармон ҳам нафъ намебиёрад, аз афташ… – аз шиддати дард ба худ печиданд.

– Ғам хӯрдед, муаллим, Мирзо Турсунзода ҳамди­ёру дӯсти бисёр наздикатон буданд, – гуфт Гулрухсор.

– Ғам хӯрдам. Лекин барои ҳамдиёр буданаш не, барои он ғам хӯрдам, ки аз кунгураю маҷлисҳои бай­нал­миллалӣ дигар овози тоҷике ба мисли Турсунзода баланд намешавад, ҷои ӯ холӣ мемонад.

Ҳамон рӯзи тирамоҳ, ҳамон айёми хазонрез муал­лим Ҳабибулло Назаровро ба беморхона гусел наму­дем. «Ҳоламро худам медонам» гуфтанашон бесабаб набудааст… Дигар он касро бо суҳбат дарнаёфтем. Аз он рӯзҳои хазонрез баҳору тирамоҳҳои зиёд мегузарад. Ёди Ҳабибулло Назаров дар дилҳо. Алалхусус ҳамде­ҳагони нависанда- аҳли Тӯда «тӯдакаш»-и худро аз хотир намебароранд. Дар мактаби миёнаи ба номи Ҳабибулло Назаров фарзандони онҳо сабақ меомӯзанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 15, 2025 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Дӯстмурод Уроқов — аввалин олим дар Осиёи Марказӣ, ки дар соҳаи муҳосибот ва аудит рисолаи докторӣ дифоъ намудааст
Имрӯз ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода 114 сол пур мешавад
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ намоиш ташкил мешавад
ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд