Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 август Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат ва Рӯдакӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 10:00 доир мегардад.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ соати 14:00 дар толори IT Park Dushanbe (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27а рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон) баргузор мегардад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат соати 09:00 баргузор карда мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






