Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва тартиби кори онро ба ҳозирин шинос намуданд.
Иброз гардид, ки мақсади ҷаласаи имрӯза баррасии масъалаҳо вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти сохторҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.
Нахуст вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ҳисоботи Прокурори шаҳри Душанбе шунида шуд.
Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, пешгирии ғайриқонунӣ ғасб намудани замин ва сохтмонҳои худсарона ва ташкили санҷишҳои беасос дастуру супоришҳо доданд.
Сипас зимни ҳисоботи Раиси суди шаҳри Душанбе мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо судяҳо ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандон мегардад ва бояд пеши роҳи ин амалҳо ҳарчи зудтар гирифта шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки нисбат ба судяҳое, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ медиҳанд ва шаъну эътибори судяро паст мезананд, чораандешӣ карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа вобаста ба фаъолияти милитсия ҳисоботи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шунида шуд. Зимни ҳисобот иброз гардид, ки сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон назар ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан камтар ба қайд гирифта шуд.
Дар робита ба фаъолияти ин ниҳод Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо фаъол бошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои сар задани сӯхтор ва ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт корҳоро ҷоннок намуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.
Баъдан зимни ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз зиёд шудани шумораи нафароне, ки ба гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул мебошанд, изҳори нигаронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин давра зиёда аз 80 фоизи таълимгирандагонро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии таблиғи фарҳанги бегона чораҳои қатъӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҳама қишри ҷомеа тақвият бахшанд.
Зимни ҷаласа ҳамзамон ҳисоботи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе шунида шуд. Вобаста ба фаъолияти раёсати Агентӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки яке аз вазифаҳои асосии Мақомот ин пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва даъват ба амал оварданд, ки корҳоро дар ин самт беш аз пеш тақвият бахшанд.
Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе шунида шуда, вобаста ба самти фаъолияти онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки мавзуи авҷ гирифтани дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ки ба ҳаёт ва саломатӣ, инчунин ахлоқи маънавии шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонанд, нигаронкунанда буда, пешгирии ин ҳолатҳо маҳз аз фаъолияти содиқонаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҳама қишри ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи кормандони сохторҳо аз кадрҳои тасодуфӣ пайваста чораандешӣ намоянд.
Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ барои фароҳам овардани фазои орому осоишта тамоми имконияти мавҷударо сафарбар намоянд.
Инчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сатҳи давлатию байналмилалии дарпешистода тамоми имконоти мавҷударо сафарбар намоянд.
АКС: Шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд






