ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад

Август 14, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзишмандӣ, мақом ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ иброз намудаанд, ки «мо вазифадорем ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатиамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ сиёсати давлати худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, имконияту захираҳои воқеӣ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таҳия, амалӣ ва таъмин намоем».

— Воқеан, имрӯз нигаҳдорию эҳтирому эътирофи истиқлоли давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мустақилияти ҷумҳуриамон вобастаю пайваста донем. Дар баробари ин, бояд хотиррасон намоем, ки истиқлол арзишест, ки решаи асосии он дар истиқлолияти шахс ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Маълум аст, ки соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша бо масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ робитаи қавии диалектикӣ дошта, дар таҳкими асосҳои истиқлол ва давлатдории миллӣ нақши бориз доранд.

Бояд гуфт, ки якчанд давлати соҳибистиқлоли муосир дар натиҷаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ташкил шуданд ва ин фурӯпошӣ дар ду марҳила ба амал омад:

Масалан, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон гардида, сипас Президент интихоб ва Конститутсия қабул гардид. Мақсади асосӣ- ин бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ буд. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қарорҳо, аз қабили «Дар хусуси тасдиқ намудани Низомномаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24.11.1992 бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.09.1994 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи суруди миллӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.1995 «Дар хусуси дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки ин оғози дигаргуниҳои нав ба шумор мерафт.

Марҳилаи аввал, гурӯҳи истиқлолхоҳе, ки дар он изҳоротро дар бораи истиқлоли давлатӣ эълон намудаанд. Марҳилаи дуюм, эълони истиқлоли комили давлатҳои мустақил ва эътирофи байналмилалии онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки давлат метавонад истиқлолашро мустақилона эълон кунад, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, ки чунин истиқлолро эътироф накунад. Аммо, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилияти давлатро эътироф менамояд, дар ин ҳолат истиқлол метавонад, ки комил бошад. Бе соҳибихтиёрии давлатӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад.

Яке аз масъалаҳои асосӣ вобаста ба дарки манфиатҳои миллӣ- ин ташвиқи ҳисси ифтихори миллӣ, махсусан бедоршавии хотираи таърихии мардум ва насли наврас дар бораи фарҳанги бойи гузаштагон ва давлатдории миллӣ мебошад, ки барои тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ ва истиқлолияти том метавонад заминаи муҳими маънавӣ гардад.

Доштани мақоми давлати соҳибихтиёр ба мамлакат имкон медиҳад, ки мардуми кишвар мустақилона масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии истиқлоли худро муайян намуда, салоҳияти худро тавассути истиқлолияти миллӣ дар сохторҳои гуногуни иттиҳодияҳои байнидавлатӣ муқаррар созад.

Соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам меоварад, ки барномаҳои гуногуни стратегӣ ва кӯтоҳмуддат қабул шуда, мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бо такя ба иродаи мардум ҳифзи манфиатҳои миллиро таъмин намоянд. Др айни замон соҳибистиқлолӣ барои таҳкими асосҳои демократия ва хусусияти дунявияту иҷтимоии давлат шарти муҳими сиёсӣ мебошад. Инчунин ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва созмонҳои гуногуни байналмилалии чаҳонӣ ва минтақавӣ имконпазир месозад.

Ҳамзамон дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолӣ, иншооти бузурги аср: неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», сохтмони пулҳо, кушодани роҳҳои паҳнбари оҳан, роҳҳои мошингард, сохтмони мактабу дигар иншооти иҷтимоӣ ва ба таври куллӣ тағйир ёфтани симои шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ ва дигар фаъолияти бунёдӣ нишонаи соҳибистиқлолии мамлакат мебошанд.

Инчунин истиқлол оғози расмии татбиқи ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ мебошад. Махсусан, суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» такони ҷиддие дар арсаи байналмилалӣ ба миён овард.

Пешвои миллат дар суханронияшон махсус иброз намуданд, ки «мо тавонистем тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯби ташаббусҳое, чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» корҳои зиёдеро ба сомон расонем».

Дар баробари ин, ҳадафи асосии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», панҷ ташаббуси беназири Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориро дар ин соҳа муаррифӣ намуданд.

Хамин тавр, таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки истиқлоли том доштан барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонад. Аммо дар ҳама ҳолатҳо истиқлол озодии руҳи инсон, бахту саодати миллӣ мебошад, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурии мо неруи тоза бахшида, пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, Тоҷикистонро дар қатори дигар давлатҳои дунё муаррифӣ намуд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ озодии баён, соҳибихтиёрӣ ва таъмини шароит барои зиндагии арзанда насиби мардумони мо гардид.

Ҳамин тавр, имрӯз консепсияи Истиқлоли давлатӣ барои пажуҳишгарону коршиносони тахассусӣ майдони муколамаву баҳсҳои беохир аст. Муҳтавои асосии он ба андешаи мо, ба кордонии сарварони сиёсӣ, ҳифзи марзу бум, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.

Истиқлоли давлатӣ — обрӯ, иззату эҳтиром ва рӯи сурхи миллати мост, ки ҳамеша ба он эҳтирому ифтихор дорем.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС аз бойгонӣ

Август 14, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шароити тағйирёбии иқлим криосфераро аз таъсиррасонии гуногун бояд ҳифз намуд
Дар ноҳияи Ашт муассисаҳои томактабӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар шаҳри Ҳисор беш аз 9000 кӯдак ба синфи якум қабул гардид
Барои беш аз 700 кӯдаки ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Оббурдон ва Мастчоҳ муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 5 иншооти аз 10 то 12-ошёна сохта мешавад
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Левакант 91,4 фоиз иҷро гардидааст
Дар осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт шароити хуби ташхису табобати беморон фароҳам оварда мешавад
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад
Беш аз 3 километр роҳҳои дохили Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешавад
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст