ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад, зеро дар он арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ таҷассум меёбад. Он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар шахс ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.
Мо дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба он тавсифҳои истиқлолиятро аз суханҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди хонандагон менамоем.
— Миллати сарбаланди тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рӯйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон дубора ба даст овардааст. На теғи шамшери Искандари Макдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии аҷдоди моро шикаста натавонист.
***
Агар набарду муборизаҳои оштинопазир барои пуштибонии истиқлолият ва давлатдории аҷдодӣ бо сарварии Шераку Спитамен, Деваштичу Ғурак, Муқаннаву Сумбоди Муғ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ доир шуда бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён аз ҷониби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ ва Низомулмулку Балъамӣ пушт ба пушт идома ёфтаанд.
***
Ниҳоли сулҳе, ки бо дастгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бошарафу фидоии миллат шинонда будем, сабзид, реша давонд ва чун дарахти тавонои вахдату дӯстӣ ба камол расид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва осоиши мамлакат мо ба марҳилаи нави зиндагӣ—марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоштем.
***
Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯйӣ аслан набудааст, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати муҳташами ҷомеаи навин камар баст.
***
Бо шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.
***
Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффарияти истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсияшон истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.
***
Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандӯстӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст. Яке аз корҳои муҳимтарин дар ин самт боз ҳам тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим мебошад.
***
Яке аз музаффарияти бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар мавриди пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.








Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд






