Кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастаҷамъона тамошо намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни суханронӣ Сарвари давлат дар баробари дигар зинаҳои таҳсилот ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро беш аз 8 ҳазор нафар хатм намуданд, ки 76 фоизи онҳо бо ҷойи кор таъмин гардида, 24 фоиз ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд ё таҳсилро дар зинаҳои дигар идома дода истодаанд.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳоло дорои 97 бинои таълимӣ мебошанд, ки аз ин 14 бино садамавӣ буда, биноҳои 12 муассиса ба навсозӣ ва 22 муассисаи таълимии дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Дар ин зинаи таҳсилот 54 хобгоҳ вуҷуд дорад, ки 80 фоизи онҳо бояд таъмиру навсозӣ карда шаванд.
«Ҳанӯз дар 16 шаҳру ноҳия муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ вуҷуд надоранд. Бинобар ин, зарур шуморида шуд, ки дар маркази ин шаҳру ноҳияҳо, маркази ҷамоатҳои деҳоте, ки шумораи аҳолиашон аз 10 ҳазор нафар зиёд аст, инчунин дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои калони истеҳсолӣ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё гурӯҳҳои мақсадноки таълимӣ ё филиалҳои онҳо таъсис дода шаванд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Тазаккур дода шуд, ки соли равон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохтмон, таъмир ва навсозии 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро ба нақша гирифтааст ва ин раванд бояд вусъат дода шавад.
Дар суханронии Пешвои миллат дар баробари зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ба самти таҳсилоти миёнаи касбӣ низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир шуда, иброз гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 250 ихтисос мутахассис омода карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 43 муассиса ва 126 ихтисос зиёд мебошад.
Шумораи муассисаҳои ин зинаи таҳсилот сол ба сол зиёд шуда истодааст ва мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ чораҷӯйӣ намоянд.
«Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 16 ҳазору 187 нафар омӯзгорону кормандон, аз ҷумла 28 нафар доктори илм ва 247 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд. Шумораи омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта ҳоло ҳам нокифоя мебошад ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои бештар ҷалб кардани чунин омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешад», — хотирнишон намуданд Роҳбари давлат.
Дар ин замина, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, барои ҳалли мушкилоти дигари соҳа, аз ҷумла таҳия ва чопи китобҳои тахассусӣ чораҳои иловагӣ андешад.
Баъди тамошои дастаҷамъонаи суханронӣ, кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки барои иҷрои пурраи ин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дода, нақшаи чорабиниҳоро таҳия намоянд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид






