Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ гузориш дод.
Таъкид гардид, ки барнома бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, озмоишгоҳҳо ва устохонаҳои таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ таҳия гардидааст.
Баъди баррасии барнома барои дар амал татбиқ кардани он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Вазорату идораҳои марбута дастур гирифтанд, ки барномаро дар доираи маблағҳои муайяншуда амалӣ карда, аз натиҷааш ҳамасола ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 муҳокима карда шуд.
Гуфта шуд, ки мақсади таҳияи Барнома фарогирии пурраи минтақаҳои кишвар бо мавҷи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши рақамӣ, инчунин такмили инфрасохтор ва қонеъсозии ниёзҳои иттилоотии ҷомеа ва шаҳрвандон мебошад.
Қарор карда шуд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва татбиқи босамари он таъмин карда шавад.
Дар кори маҷлис ҳамчунин корҳо барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 муҳокима карда шуд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастуру супоришҳо ва амалисозии ҳадафҳои созанда дар назди масъулини соҳаҳои марбута вазифаҳо гузоштанд.
Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба масоили омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла вусъат бахшидани тадбирҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузоштанд.









Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025






