Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, электробусҳои истеҳсоли ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






