МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тарбуз дар тобистон камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хунро пешгирӣ менамояд

Август 3, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 август дар бархе давлатҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии тарбуз маҳсуб  мешавад. Ба ин муносибат мутахассисон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли ин меваи серобу фоиданок дар мавсими гармо метавонад ба беҳтар шудани ҳолати организм мусоидат кунад. Зеро дар таркиби тарбуз 90 фоиз об мавҷуд буда, он шифобахш аст.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар фасли тобистон истеъмоли тарбуз камобшавии бадан ва баланд шудани фишори хун ва эҳсоси хастагиро пешгирӣ менамояд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун мебошанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки ба муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод.

Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Агар тарбуз истеъмол кунед, ба чашм ва қобилияти фикркуниатон фоидаовар аст. Ба тавсияи мутахассисон, дар тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел сироятҳо ҳимоя ва хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.

Тарбуз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд.

Табибони уролог донаи тарбузро ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хуб меҳисобанд.

Тарбуз пӯсти рӯйро тароват бахшида, доғи кунҷитакро тоза мекунад. Барои ин донаи тарбузро кӯфта, аз он малҳам тайёр мекунанд. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, донаи тарбузро набояд партофт.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки дар фасли тобистон барои организми инсон барои мубориза бо нури ултрабунафш якчанд маҳсулот зарур аст, ки асосиаш тарбуз мебошад. Тарбуз организмро аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад. Инчунин дар он моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.

Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Аз ин рӯ, агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз вазни зиёд ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ бо осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад.

Бояд гуфт, ки бо фаро расидани фасли тобистон талаботи истеъмолкунандагон ба тарбуз бештар мешавад. Аммо интихоби тарбузи хуб барои харидорон мушкил аст. Аз ин рӯ мо чанд маслиҳатро барои интихоби беҳтарин тарбуз ба хонандагон пешниҳод менамоем:

— Тарбузи пухтарасида аз рӯи қоида калонҳаҷм буда, вазни он нисбат ба андозааш камтар мебошад, аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ тарбузи вазнаш нисбат ба ҳаҷмаш сабуктарро интихоб намоед ва агар мавсими тарбуз каме гузашта бошад, аз ҳад зиёд сабукашро интихоб накунед, зеро он аз ҳад зиёд пухта расида, обаш кам шудааст.

— чӣ қадаре, ки фарқ байни рангҳои равшан ва торики рахҳои тарбуз зиёдтар бошад, эҳтимоли сурх ва ширин будани тарбуз зиёд аст ва аз ин сабаб ҳангоми харидорӣ ба ранги тарбуз диққат диҳед.

— аксар одамон  тарбузи пухтарасидаро ба воситаи даст ва фишурдан муайян карда метавонанд. Ҳангоми бо пушти ангушт задан, агар ҳар чӣ қадаре садои он баландтар (монанди доира)  барояд, ҳамон қадар тарбуз пухтагӣ ва ширин мешавад.

— одатан тарбузи пухтарасида дар он қисми пӯчоқи худ, ки ҳангоми нашъунамо ба замин хобида буд, доғи зард пайдо мекунад. Дар тарбузи хом бошад, ин доғҳо сафедтар мебошанд.

— тарбузи дер боз ба фурӯш нарафта аз тарбузи тару тоза бо он фарқ мекунад, ки рангаш хиратар шудааст ва ҳангоми даст кардан мулоимтар мебошад. Тарбузи тару тоза баръакс, рангаш равшан мебошад.

АКС аз манъбаъҳои боз

Август 3, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»