«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст

ДУШАНБЕ, 14.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Замимаи мобилии «МегаФон Life», ки миллионҳо сокинони Тоҷикистон аз он истифода мебаранд, ба навшавиҳои муҳим ноил шуд. Ба туфайли функсияҳо ва такмилёбиҳои нав SuperApp зудтар, мувофиқтар ва фаҳмотар гардид. Акнун бештари амалҳои маъмулӣ воқеан бо як пахш иҷро карда мешаванд. Аз пардохти маблағи таваққуфгоҳи CityParking то интиқоли фаврии маблағ тавассути СПФ ва назорати бурдарасонӣ бевосита дар экрани маҳкамкунӣ — ҳамааш барои роҳати бештари истифодабарандагон пешбинӣ шудааст.
Такон деҳ – ва маблағро интиқол бидеҳ!
Яке аз навгониҳои ҷолиб – функсияи интиқоли маблағҳо бо ёрии имову ишора мебошад. Акнун ҷустуҷӯи қисмати зарурӣ ва гузаштан ба феҳрист (меню) зарур нест, танҳо кушодани замима ва такон додани смартфон кофӣ аст. Шакли интиқоли маблағ дарҳол кушода мешавад. Як ишора вақтро сарфа намуда, истифодаи замимаро воқеан ҳам интуитивӣ мегардонад. Худ санҷида бубинед: суроға инҷост.
Ҷустуҷӯи фаврии оқилона
Қисмати навшудаи «Ҷустуҷӯ» барои зуд пайдо кардани баста, хизматрасонӣ ё функсия кумак мерасонад. Ҳамааш осон аст: номро ворид кунед ва хизматрасонӣ дарҳол натиҷаҳои дақиқ пешниҳод менамояд. Ин махсусан муфид аст, агар шумо саросема бошед ва намехоҳед вақтро барои навигатсияи нав аз рӯйи феҳрист сарф намоед. Акнун амалҳои заруриро зуд пайдо кардан мумкин аст — муносиб, вақте ки дақиқаҳое ба шумор мондаанд. Инро дар амал тавассути ин суроға бисанҷед.
Тамоми навшавиҳо — аёнанд
Барои аз имконияти нав пайваста бохабар будан дар замима равзанаҳои пайдошаванда дар экранҳои асосӣ — дар ҳуҷраи шахсӣ ва қисмати «Ҳамён» намоён гардиданд. Функсияҳои нав, пешниҳодҳои махсус ва иқдом акнун дарҳол ҳангоми воридшавӣ ба замима инъикос мегарданд. Тамоми маълумоти муҳим дар пеши назаратон аст, аз ягон чиз бехабар намонед.
Кумаки оқилона — барои роҳати шумо
Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасониҳо ё интиқоли маблағҳо замима акнун ба таври автоматӣ рақамҳои телефонӣ, суратҳисобҳо ва қолабҳои амалиёти қаблан истифодашударо пешниҳод менамояд. Ин суръати равандро ба таври назаррас тезонида, зарурати такроран ворид намудани маълумотро аз байн мебарад. Махсусан замоне мувофиқ аст, агар шумо мунтазам ба ҳамон як қабулкунанда — масалан, волидайн маблағ интиқол диҳед.
Пардохти маблағи таваққуфгоҳи CityParking
Дар замимаи «МегаФон Life» пардохти маблағи таваққуфгоҳ дастрас гардид. Акнун ҳаққи таваққуфгоҳро бевосита дар замима — зуд, мувофиқ ва бе амалҳои зиёдатӣ пардохт кардан мумкин аст. Барои санҷидан ба ин суроға гузаред.
Интиқоли маблағ ба Русия тавассути СПФ
Интиқоли маблағ бо рақами телефонӣ ба Русия тавассути Системаи пардохтҳои фаврӣ (СПФ) осонтар гардид. Танҳо ворид намудани рақами қабулкунанда кофӣ буда, маблағ дарҳол ворид мегардад. Имконияти муносиб барои дастгирии наздикону пайвандон ва эҳтиёҷоти корӣ.
Пайвасткунии интернети хонагӣ — боз ҳам осон
Акнун дархостро барои пайваст намудани «Интернет барои хона» бевосита аз замимаи «МегаФон Life» ирсол кардан мумкин аст. Функсияи нав дар қисмати «Боз ҳам» дастрас мебошад. Интерфейси муносиб имкон медиҳад, ки дархост ҳамагӣ дар якчанд сония бе зангҳо ва рафтан ба идораҳо ташкил карда шавад. Ба суроға гузаред ва худи ҳозир дархостро пур кунед.
Live Activity: ҳолати бурдарасонӣ — бевосита дар экрани маҳкамкунӣ
Назорати ҳолати фармоиш дар қисматҳои «Маҳсулот» ва «Дорухона» боз ҳам осон гардид. Маълумот дар бораи бурдарасонӣ бевосита дар экрани маҳкамкунӣ инъикос мегардад. Шумо аз макони қарор доштани фармоиш ва замони расида омадани он ҳамеша бохабар ҳастед.
Экрани интиқоли маблағ ва пардохтҳо — боз ҳам муносиб
Қисматҳои интиқоли маблағ дар ҳамёнҳо ва пардохти маблағи хизматрасониҳои операторҳои мобилӣ интерфейси нав пайдо намуданд. Таҳиягарон ҳама чизҳои зиёдатиро хориҷ карданд, то пардохт зуд ва осон анҷом ёбад. Навигатсияи такмилёфта, пуркунии автоматӣ ва кумакҳо вақти шуморо сарфа менамоянд. Интерфейси навсозишуда дар ин суроға.
Замимаро тавассути суроғаи зерин боргирӣ ва нав кардан мумкин аст.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон