Моҳи сентябр таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» пурра ба итмом мерасад

Август 3, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар Неругоҳи барқи обии  «Қайроқум»  пурра  ба итмом расад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 август Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар вилояти Суғд бо корҳои таҷдид дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шинос шуд.

Масъулини соҳа ба Вазири энергетика ва захираҳои об иттилоъ доданд, ки то имрӯз 5 агрегати неругоҳ таҷдид гардида, корҳои навсозӣ тибқи нақша дар агрегати охирин идома доранд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар неругоҳ пурра ба итмом расад.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи таҷдид иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад. Ин ба 48 МВт афзоиш ёфтани иқтидор нисбат ба  нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар аст.

Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки самаранокии кори неругоҳ зиёд шуда, таъминоти барқи боэътимод ба минтақаҳои шимолии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

АКС: Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд