Нақшаи амали татбиқи Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расид

Август 12, 2025 09:12

 ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Бишкек зимни мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо роҳбарияти «Холдинги молиявии давлатӣ», «Бонки давлатии рушд» ва «Фонди кафолатӣ» аҳамияти мубодилаи таҷрибаҳои амалӣ дар самтҳои дастгирии соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва идоракунии молияи давлатӣ таъкид карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, аз ҷониби роҳбарияти «Холдинги молиявии давлатӣ», «Бонки давлатии рушд» ва «Фонди кафолатӣ» модели институтсионалӣ, таҷрибаи дастгирии соҳибкорӣ, механизмҳои кафолатдиҳии қарзӣ ва маблағгузории рушди ин ташкилоти молиявӣ муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Қирғизистон Эрнст Калдибаев «Нақшаи амал вобаста ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2026 — 2028» мувофиқа карда шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд