НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар шашмоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳо ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра ба 170 нафар маъюбон ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шудааст. Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 63 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият намуда, ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар шашмоҳаи якуми соли равон ҳамагӣ 259 дархост оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба барномаи худкори иттилоотии «Адвокат» ворид гардид, ки аз ин шумора 239 нафар мард ва 20 нафар зан мебошанд. Аз шумораи умумии дархостҳо 44 нафар ноболиғ ва 8 нафар шахси маъюб мебошанд.
Вазири адлия изҳор намуд, ки вазорат барои мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, инчунин бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 3 лоиҳаи қонун ва 5 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Ба иттилои вазир, тавассути хати телефони ройгони 30-40-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд, ки ба онҳо машварати ҳуқуқӣ дода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид






