НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ҷумҳурӣ 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 310 адад кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 78 ҳодисаи селфароӣ, 18 бориши борон, 51 ҳодисаи тармафароӣ, 6 ҳолати баландшавии сатҳи об, 21 ҳодисаи сангрезӣ, 19 заминларза, 6 ҳолати фаромадани ярч, 17 ҳолати вазиши шамоли сахт, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳодисаи бориши барфи зиёд ва 1 ҳодисаи хунукии сахт ба қайд гирифта шудааст.
Иброз шуд, ки бо мақсади пешгирии офатҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҷониби Кумита Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар давраи мавсими баҳору тобистони соли 2025 таҳия шуда, ба воҳидҳои сохтории вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии кумита ирсол гардид.
«Дар ин замина бо иштироки масъулини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои хавфнок ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулодаро доранд, ситодҳои доимӣ ва дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст. Танҳо соли 2025 154 машқи ғайринақшавӣ бо гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ дар мавзеъҳои хавфнок бо ҷалби 30 164 нафар аҳолӣ ва зиёда аз 889 техника гузаронида шуд»,-изҳор дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






