Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи якуми соли 2025 289 нафар варзишгарон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуда, дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 74 нуқра ва 97 биринҷӣ ворид намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод дод.
Раиси кумита баён намуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 31 медал зиёд мебошад.
Иброз гардид, ки давоми шаш моҳ 60 мусобиқаи варзишии касбӣ бо фарогирии 4314 нафар варзишгарон, аз ҷумла 419 нафар занон баргузор гардид.
«Моҳи марти соли равон дар вилояти Суғд 15 мусобиқаи байналмилалии дӯстона бо иштироки варзишгарони Қирғизистону Узбекистон ва Эрон баргузор гардид, ки дар он беш аз 900 нафар варзишгарон иштирок намуданд», — иброз дошт Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ, аз ҷониби кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5312 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 168 ҳазору 643 нафар варзишгарон баргузор карда шуд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз лиҳози чорабинӣ 102 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 68 942 нафар зиёд мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






