Нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 август бо мақсади ҷалби фаъолони соҳаи сайёҳии Эрон ба «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE) -2025 дар шаҳри Теҳрон нишасти муштарак байни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад.
Дар нишаст раиси Идораи мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии устони Теҳрон доктор Тулуӣ ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон низ иштирок карданд.
Дар нишасти мазкур роҷеъ ба ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистону Эрон, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва баргузории барномаҳои муштараки фарҳангию сайёҳӣ низ табодули афкор карда шуд.
Ҳамзамон шоми 17 августи соли 2025 дар маҷмааи варзишии «Pas club»-и Теҳрон бозии дӯстона байни тимҳои футзали ҳунармандону блогерони Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури сершумори тамошобинон доир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон









Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






