ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Меҳргони ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад

Август 3, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи кӯчаи ба номи Раҳмонбердӣ Эгамбердиеви деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки зиёда аз 1,9 километр бо паҳноии 4 метр аст, мумфарш карда мешавад. Дар ин хуусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд.

          Роҳ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳаи Меҳргон ба тариқи ҳашар бо харҷи беш аз 320 ҳазор сомонӣ ва бо истифодаи техникаю механизмҳои зарурӣ пурра мумфарш карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия мумфаршкунии роҳҳо ба тариқи ҳашар идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов 

Август 3, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд