Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз маҳалли бунёди неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои то имрӯз бадастомада нисбат ба боздиди соли гузашта беҳтар ва назаррас мебошанд.
Оид ба аҳамияти иншооти муҳими соҳаи энергетика андешаронӣ намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки “бо бунёд ва пурра ба кор андохтани “Роғун” мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ду агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки соли 2026 иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.
Зимни таҳлили вазъи корҳои сохтмонӣ таъмин намудани суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин, дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иқтидорҳои навбатии неругоҳ зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст. Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст. Аз ҷумла, тайи давраи солҳои 2024-2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизми нав ворид карда шуд.
Барои вусъати корҳо ва иҷрои саривақтии нақшаи пешбинишудаи сохтмон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоишгар ва пудратчиёни бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро вазифадор намуданд.
Аз Ширкати «Вибилд» талаб карда шуд, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли равон дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.
Ширкати «Вибилд» вазифадор гардид, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ намояд, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хатти конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» супориш гирифт, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ширкатҳои пудратӣ дастур доданд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолие, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯчонида мешавад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Таъкид гардид, ки Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст.
Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки дар маҳалли сохтмони неругоҳ ва атрофи он ҳамзамон бунёди роҳу пулҳои мошингард идома дошта, ба масъалаи кашидани хатти оби нушокӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин, ҷалби маблағ дар назди вазорату идораҳои марбута, Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Ҷамъияти саҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун»», Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»» ва ширкатҳои пудратӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳо дар «Неругоҳи барқи обии «Роғун» Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки корҳо дар ҳамаи самтҳо бо маром идома доранд. Изҳори бовару дилпурӣ намуданд, ки ҳамаи супоришу тавсияҳои Пешвои миллат барои то моҳи августи соли 2027 расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар саривақт ва бо сифати баланд иҷро мешаванд.