Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд

Август 28, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои  ду кишвар дар ин самтҳо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон, ба густариши муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки  пешбурди пайгиронаи он ба маҷмуи муносибатҳои ду кишвар таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва рафти омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ ва вохӯрӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Русия” дар Душанбе баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри бисту як баргузор гардид ва ин санад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки кори муштарак дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи санади мазкур омили таъмину таҳкими сулҳу субот ва рушди босубот дар минтақа мегардад.

Вохӯрӣ бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу 28.08.2025

Август 28, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон