«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд

Август 11, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи варзишгарон таҳти унвони «Пешвои миллат ҳомии варзиш ва пуштибони ҷавонон» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ як қатор варзишгарони собиқадор ва фаъол, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, бо медал ва сипосномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои варзишӣ анҷом ёфт.

Меҳрони ҚУРБОН,
Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!