Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Август 10, 2025 13:39

ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд.

Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид.

Сарони давлатҳо нақшаи вохӯриҳои дарпешистодаи сатҳи олиро ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ карданд.

Август 10, 2025 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд