Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Зарангак»-ро ифтитоҳ намуданд

Август 26, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбунёди деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Зарангак»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ дар заминаи бунёди маҳаллаи нави истиқоматӣ барои сокинони аз заминларза зарардида сохта шуда, дар он асосан фарзандони ин маҳал ба зинаи аввали таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави соҳаи маориф бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта шудааст. Он барои фаро гирифтани 50 тарбиягиранда пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз марҳилаҳои муҳимтарини рушди инсон ба ҳисоб рафта, на танҳо барои омодасозии кӯдак ба мактаб, балки барои ташаккули малакаҳои иҷтимоию фикрӣ ва омӯхтани одоби муошират ниҳоят муҳим аст. Дар ин давра кӯдак қобилияти баланди омӯзиш дошта, муҳити тарбиявӣ метавонад ба рушди ӯ таъсири амиқ расонад. Аз ин рӯ, таҳсилоти босифати томактабӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоиву маърифатии давлат мебошад.

Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии «Зарангак» дорои ду ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Саҳни муассиса низ бо майдончаи бозиҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз шуда, барои рушди ҷисмонии кӯдакон ва гузаштани раванди машғулиятҳо мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлол ба таҳсилоти томактабӣ аҳаммияти хоса дода, бо сиёсати устувор дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки аз марказ то деҳоти дурдасти кишвар ҳамаи ҷойҳои аҳолинишини бояд бо боғчаи кӯдакон таъмин бошад, то ҳеҷ кӯдак аз ин имконият бенасиб нагардад.

Бо дар назар доштани ин масъала, Сарвари давлат ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Дар фароварди сафари корӣ ба ноҳияи Рашт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаи навбунёд ва фаъолони ноҳия суҳбати самимиву кӯтоҳ анҷом дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои таълими арзандаи насли наврас, таъмини зиндагии шоиста ва шароити мусоиди кору рӯзгори сокинон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сокинони ноҳия низ бо изҳори сипосмандӣ таъкид карданд, ки бо масъулият ва садоқати баланд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, баҳри ободии Ватан, рушди бахшҳои гуногун ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саъю талош мекунанд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рашт 26.08.2025

Август 26, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд