Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки санаи 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт.
Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов сохта шудааст.
Ба ҳолати имрӯз шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ 1733 нафарро ташкил медиҳад. Иншоот имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад, зеро 56 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 3400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳад гузошт.
Истифода аз ду китобхона: электронӣ ва анъанавӣ дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва барномаҳои таълимии дар сомонаҳо маҳфуз таъмин месозад.
Муассиса дар маҷмуъ дорои наздик ба 60 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет аст.
Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш, ки дар муассиса сохта шудааст, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обу тоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.
Маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст, ошхона бо 216 ҷойи нишаст, ҳуҷраи табиб ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудаанд, дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Певшои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Аз ин хотир ба соҳибкори саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос намуда, омӯзгорони ин муассисаи зеборо ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят карданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






