Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёму таманниёти гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев расонданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷараёни рушди бемайлони тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкории пурсамари Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла густариши робитаҳои созандаи байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба масоили рушди муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисод, ба монанди саноат, энергетика, дорусозӣ, бахши кӯҳӣ ва агросаноатӣ, инчунин маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Масъалаҳои байналмилалӣ, хоссатан таъмини амнияту субот дар митнақа аз ҷумлаи мавзуъҳои дигари музокирот буданд.
Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда маросими сарфарозгардонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ордени «Дустӣ», дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд.
Мукофоти давлатиро ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев тақдим намуда, саҳми арзандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанберо дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвари дӯсту бародар таъкид кард.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз қадрдонӣ ва сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев миннатдории самимӣ баён намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






