Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду давлат – Душанбе ва Остонаро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди мусбати ҳамкории дуҷониба дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, байни минтақаҳо, аз ҷумла густариши ҳамгироии бисёрҷониба дар сатҳи пойтахтҳо равона гардид.
Аз пешрафту комёбиҳои шаҳри Остона ба сифати маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии Қазоқистон дар самти рушди устувор ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ истиқбол карда шуд.
Дар зимн ба масъалаҳои густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ба таҷрибаи Остона дар бахшҳои бунёди марказҳои муосир, иншооти инфрасохторӣ, логистика, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Дар шароити имрӯза табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди устувор, рақамикунонии муҳити шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, экология, ободонӣ ва сарфаҷӯии энергия муҳим шуморида шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






