Рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар сатҳи «B» бо дурнамои «устувор» тасдиқ шуд

Август 3, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон ширкати байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи «B» бо дурнамои «устувор» ва ширкати байналмилалии рейтингии «Moody’s» рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи «B3» бо дурнамои «мусбат»тасдиқ намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 1 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки интишор намудани ҳисоботи рейтингӣ ба ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус ба низоми бонкии мамлакат, беҳтар гардидани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи байналмилалӣ, воридшавӣ ба бозорҳои фондии байналмилалӣ ва таъмини фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст