Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остона бо фаъолияти технопарки байналмилалии Астана Хаб шинос шуданд

Август 26, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остона бо фаъолияти технопарки байналмилалии Астана Хаб (Astana Hub) шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Астана Хаб яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Технопарки мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистон ва кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ки моҳи июли соли 2025 бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд, ки ба ҳайси аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ ба раванди татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таваҷҷуҳ медиҳад.

Ин ташаббус имкон медиҳад, ки тавассути истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ заминаҳои муносиби ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор фароҳам оварда шаванд.

Дар робита ба ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омӯзиши фаъолияти босамар ва таҷрибаи технопарки Астана Хаб-ро дар ин самт муфид арзёбӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ