Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими ҳавзаи федералии Шарқи Дури Русия вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар минтақаи Хабаровск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикони ҳавзаи федералии Шарқи Дур ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ мақсади вохӯриро иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шиносонидани ҳамватанон бо дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон доир ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносию меҳандӯстӣ изҳори андеша карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ байни созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, риояи қонунгузории кишвари иқомат ва сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош масъулияти аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди хориҷӣ дониста шуд.
Ба намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон тавсия дода шуд, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ ва иштирок дар маъракаҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳру вилоятҳои Русия баргузор мешаванд, фаъолона ҳамкорӣ намоянд.
Инчунин роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ даъват шуданд, ки дар ободонии Ватан ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.
Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунигардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






