Шунавандагони мактаби САҲА оид ба дипломатия бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд

Август 21, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷавондухтарон — шунавандагони мактаби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ бо бинои нави Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Тибқи  дархости роҳбарияти Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар Тоҷикистон  соли равон дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими нақши занон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва иштироки фаъолонаи вакилзанон дар ҳамоишу чорабиниҳои мухталиф доир ба масъалаҳои гендерӣ, солимии занону духтарон, таҳияву такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа аз ҳисоби вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба фаъолияти «Иттиҳоди занони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд.

Таъсиси ин иттиҳод имкон   фароҳам меорад, ки ҳамкорӣ бо вакилзанони парламентҳои дигар кишварҳо барои мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти қонунгузорӣ ва ҷалби занон ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ беҳтар гардад.

Зимни шиносоӣ  вакилзанони Парлумон бо ҷавондухтарон — шунавандагони мактаби    Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон  суҳбат намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид