ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар ин самт кадом мушкилот ҷой доранд?

Август 2, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 июл зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ танҳо 24 фоизи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуда, 76 фоизи онҳо ба зинаи таҳсилоти умумӣ бе омодагӣ қабул карда мешаванд.

Ба иттилои директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода, дар сатҳи зарурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта нашудани кӯдакони синни томактабӣ аз тариқи таъсис додани марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ, бахусус дар маҳалҳо ҷой дошта, фаъолияти муассисаҳои таълимии ин зинаи таҳсил пурра ба талабот ҷавобгӯ нест.

Маҳмадтоир Саидзода иброз намуд, ки таҳсилоти томактабӣ ҳамчун зинаи аввалини таҳсил дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он нақши муҳим дорад.

«Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он дарак медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд», -иброз намуд директори агентӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 майи соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар самти таълиму тарбияи томактабӣ дар маҷмуъ 759 муассисаи томактабӣ – бо фарогирии 12 1268 кӯдак ва 3098 маркази инкишофи барвақтии кӯдак – бо фарогирии 134 ҳазору 335 нафар фаъолият менамоянд, ки  ин нишондиҳанда таносубан дар минтақаҳо чунин мебошад:

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 28 муассиса (3,7%) – бо фарогирии 2331, шаҳри Душанбе – 167 муассиса (22,0%) – бо фарогирии 34298, вилояти Суғд – 287 муассиса (37,8%) – бо фарогирии 48524, вилояти Хатлон – 177 муассиса (23,3%) – бо фарогирии 21319 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 100 муассиса (13,2%) – бо фарогирии 14796 кӯдак.

Инчунин фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак вобаста ба минтақаҳо чунин мебошад:

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 204 муассиса (250,0%) бо фарогирии 3849, шаҳри Душанбе – 72 муассиса (72,0%) бо фарогирии 2028, вилояти Суғд – 715 муассиса (12,9%) бо фарогирии 24174, вилояти Хатлон – 1268 муассиса (11,1%) бо фарогирии 84144 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 839 муассиса (11,8%)  бо фарогирии 20140 кӯдак.

Таҳлил нишон дод, ки дар миқёси ҷумҳурӣ 159 муассисаи таҳсилоти томактабии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки дар назди онҳо 24 676 кӯдак дар 994 гурӯҳи синнусолӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», яке аз роҳҳои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия ин ташкил ва таъсис додани шакли алтернативии муассисаи томактабӣ – марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар карда шудааст. Дарвоқеъ ба ҳолати 1 майи соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 3098 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 134 ҳазору 355 кӯдак (ё 12,6%) таъсис дода шудааст, дар ҳолате ки талаботи барнома ҳамасола ташкил ва таъсиси 4846 маркази инкишофи кӯдакро бо фарогирии 605 ҳазору 750 кӯдак пешбинӣ кардааст.

Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълими томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 15 ҳазору 490 корманди педагогӣ (10842 нафар дар кӯдакистонҳо ва 4684 нафар омӯзгорону мураббиён дар марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак) фаъолият менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?