Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ташкилоти молиявию қарзии вилояти Хатлон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба иқтисодиёти вилоят 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо карда шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 638,7 миллион сомонӣ ё 128 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Қарзҳо ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ равона шуда, саҳми назарраси онҳо дар таъмин намудани фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мушоҳида мегардад.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳо ба соҳаи кишоварзӣ 684,1 миллион сомонӣ, саноат- 111,2 миллион сомонӣ, сохтмон- 77,3 миллион сомонӣ, нақлиёт- 10,9 миллион сомонӣ, хӯроки ҷамъиятӣ- 4 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ- 208,4 миллион сомонӣ, савдои хориҷӣ- 292,9 миллион сомонӣ ва ба қарзҳои истеъмолӣ 1 миллиарду 493,7 миллион сомонӣ рост меояд.
Бо назардошти афзалият додан ба маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт, махсусан кишоварзӣ ва соҳаҳои истеҳсолот интизор меравад, ки ин раванд ба таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии вилоят мусоидат намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






