10 РӮЗИ АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «ТАСМАИ БЕХАТАРӢ» ВА «СКУТЕР». Зиёда аз 1000 ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид

Сентябрь 26, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 25 сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» гузаронида шуд. Дар доираи ин амалиёт нисбат ба 1250 нафар барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ ва нисбат ба 60 ронандаи дучарха ва скутер бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дучарха ва скутерҳои ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаанд, дар ҷаримагоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Тибқи иттилои шуъбачаи ташвиқотӣ ва тарғиботии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби ронандагони мототсикл ва скутерҳо 140 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 51 нафар ба ҳалокат расида, 122 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт зиёд гардидааст. Риояи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ аз ҷониби наврасон аҳамияти махсус дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо дучарха ва скутер мераванд, ки ин дар ҷомеа ҳолати нигаронкунанда пеш овардааст. Масъулини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар доираи ин амалиёт дар якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни вохӯрӣ бо ноболиғон масъулин доир ба вазъи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда маълумоти муфассал доданд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо эҳтиёткорона ҳаракат карда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Зеро риояи ин талабот кафолати амнияти шахсии дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста гузаронида мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 26, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд