18 сентябр ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқдисодӣ доир мегардад

Сентябрь 9, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Ҳайати расмии иштирокдорони Комиссияи 18-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Майдони Истиқлол,  Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»  шинос мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош баргузор гардида буд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 9, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст