21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амният дар ҷаҳон пешсаф аст

ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сулҳ сари баланду қомати болои мо, бахту саодати ҳар хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат мебошад. Сулҳ муҳити мусоид фароҳам меоварад, ки наслҳои нав ба ҷойи тарс аз ҷангу ноамнӣ босаводу донишманд, хушахлоқу худшинос ва содиқ ба Ватан ба камол расанд. Ин матлабро 30 августи соли равон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баён намуданд.
Бояд гуфт, ки дар кишварҳое, ки пояҳои сулҳу субот мустаҳкаманд, мардум ҳаёти осуда доранд ва пайи кору бори рӯзгор, омӯзишу парвариш ва рӯ ба рушду тараққӣ мебошанд. Вале дар давлатҳое, ки дар он ҷо нооромӣ аст, сокинон рӯзи хушу хуррам надошта, дар фазои ноамнӣ ва тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, соли 1981 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қарори худ 21 сентябрро Рӯзи байналмилалии сулҳ эълон кард. Ин рӯз аввалин маротиба соли 1982 таҷлил карда шуд. Бо гузашти вақт ва муҳимияти ин рӯз Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи дигар қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2002 инҷониб 21 сентябр чун Рӯзи байналмилалии сулҳ ҷашн гирифта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд таъмини сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба онро яке аз масъалаҳои муҳими замон мешуморад. Зеро маҳз бо сулҳу салоҳ ҷомеа метавонад пеш равад. Имрӯз ҷаҳониён аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, онро намунаи ибрат медонанд.
Ҳамин аст, ки тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронида шудааст, 95% аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро комилан дар амн эҳсос менамоянд. Дар даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Умон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир Тоҷикистон байни давлатҳои ҷаҳон борҳо ба даҳгонаи кишварҳои амнтарин шомил гардидааст. Ин далел собити он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ натиҷаҳои сиёсати муваффақонаи роҳбарияти Тоҷикистонро дар самти таъмини субот, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ баланд арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи нишондоди «Ҳуқуқ ва тартибот», ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи якум қарор гирифт. Ин маълумот дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup» оварда шудааст. Назарпурсие, ки дар асоси гузориши «Global Safety Report – 2025» анҷом дода шудааст, нишон медиҳад, ки тоҷикистониён зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот пурра эътимод доранд.
Дар ин замина бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Сарвари давлати тоҷикон иброз доштанд, ки «имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд».
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.
«Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли равон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд, ки ташаббуси навбатии давлати мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар яке аз мусоҳибаҳо бо АМИТ «Ховар» иброз доштааст, ки таърихи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон далел аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ваъдаашон вафо менамоянд. Вуҷуди Тоҷикистони босуботу боваҳдату амн далели беҳтарини ин гуфтаҳо аст. Барқарор шудан ва таҳкими суботу сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд.
«Метавон гуфт, ки миллати тоҷик бо сулҳ тавъам ташаккул ёфтааст. Сулҳи тоҷикон сулҳи якрӯза, яксола ё барои як даҳсола нест, балки сулҳест барои имрӯзу фардою фардоҳои дигар. Сулҳ пойдорӣ, номдорӣ ва бардавомии миллату давлат аст. Ин сулҳ ҳушдор медиҳад, ки инсон бе сулҳу суботу ваҳдат ва бе амният вуҷуд дошта наметавонад. Сулҳи мо, тоҷикон аз сабақҳои омӯзандаи таърих ва фарҳанги миллатамон ибтидо мегирад»,-баён доштааст Зубайдулло Давлатов.
Воқеан ҳам вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки бидонем ва огоҳ бошем, ки сулҳу субот на танҳо омили оромии як оила, як ҷомеа ва як давлат, балки меъёри субот дар минтақа ва ҷаҳон шуда метавонад.
АКС: АМИТ «Ховар»